с 1994 · «Суруди миллӣ» — гимн Республики Таджикистан
Музыку Сулейман Юдаков написал в 1946 году для гимна Таджикской ССР. Гимн с новыми словами Гулназара Келди утвердили 7 сентября 1994 года, в разгар гражданской войны.
Текст гимна
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Барои ному нанги мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!